ТАҲКИМИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР НИЗОМИ СУДИ
Сана 04 июли соли 2026 бо ташаббуси роҳбарияти судӣ Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси суд судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ВМКБ ва суди шаҳри Хоруғ машқи пагоҳирузии омавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди тарзи ҳаёти солим таҳкими саломатии ҷомеа ва тарғиби фарҳанги ҷисмонӣ баргузор шуда иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва масъулияти касбӣ дар он фаъолона ширкат варзиданд. Ин гуна чорабиниҳо бо таҳкими саломатии кормандон, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва рушди фарҳанги тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии давлат аҳамияти муҳим дорад.
Суди шаҳри Хоруғ 
