Баромади Судяи судӣ шаҳри Хоруғ

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлоли кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо имрӯзҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ баҳри инкишоф ва рушду нумуи ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият пайдо намуда, дар фазои сулҳу ором умр ба сар бурда, ҷашнҳои давлатиро бо як рўҳи болида баргузор менамоем.

Барои ҳар як миллат ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург аст. Озодии миллати тоҷик маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад, ки давлати ҷавони мо дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, имрӯз халқи  Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд ва Тоҷикистон яке аз давлатҳои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар созмони миллали мутаҳид ҷойгоҳи худро дорад.

Қобили зикр аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст халқи Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сиёсати сулҳҷуёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, бо иродаи матини худ роҳи ояндаи давлату миллати худро муайян намуд.

Маҳз бо иродаи халқ барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи  он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ба воситаи ҳокимияти судӣ ҳифз менамояд. Зеро мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.

Ташаккулёбии ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои чаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, алалхусус, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кўдак  ва ғайра, ки  қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, сурат гирифта, комилан ба онҳо мувофиқ гардонида шудааст.

Дар моддаи 2-и «Паймон» зикр шудааст, ки «Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин паймон ӯҳдадор мешаванд кафолат диҳанд, ки ҳуқуқи дар ҳамин паймон эълоншуда бидуни ягон  навъ табъид дар мавриди нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоиӣ, таваллуд ё ҳолати дигар амалӣ хоҳад шуд».

Бинобар ин, судҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун ва созмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шањрванд ташкил медиҳанд, муқаррароти Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маљлиси Олӣ   бармеоянд, ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ барқарорсозии адолати иҷтимоӣ дар тӯли 34 соли Истиқлолияти давлатӣ корҳои муайянеро анҷом дода, дар оянда низ дониши амиқи касбӣ ва таҷрибаи андухтаи худро барои мустаҳкам гардонидани ҳокимияти судӣ ва тантанаи адолат ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд равона хоҳем кард.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, собиқадорони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ Шуморо ба ифтихори иди касбӣ-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо камоли мамнуният муборакбод намуда, ба хонадонатон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ, ваҳдату якдилӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷовидонӣ орзу менамоям.