Кониститутсия бахтномаи миллат
Имрӯз мо дар рӯзи таҷлили яке аз муқадастарин ҷашнҳои давлатӣ Рӯзи кониститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон яъне 31 солагии рузи Каниститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Кониститутсия ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, пояи асосии давлатдории миллӣ, рамзи истиқлолият ва кафили озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад.
6 ноябри соли 1994 миллати тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо иродаи худ тавассути раъйпурсӣ умумихалқӣ Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Қабули ин санад оғози давраи нави таърихӣ давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи мо гардид.
Дар кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои муҳимтарин соҳибихтиёрӣ демократия, ҳуқуқбунёди дунявият ва иҷтимоият ҳамчун пояи давлатдории миллӣ муқарар шудаанд. Маҳз ҳамин арзишҳо ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба роҳи рушди устувор ва ҷомеаи ҳуқубунёд ҳидоят менамояд.
Дар моддаи аввали Кониститутсия омадааст.
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр демократӣ ҳуқубунёд ва дунявӣ мебошад.
Ин ҷумла рамзи ифтихори миллӣ ва дастури амал барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон. Он ба мо мефаҳмонад, ки давлатдорӣ танҳо бо қонун бо адолат ва бо эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон пойдор мемонад.
Ҳамзамон Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохтори ҳокимияти давлатиро муайан намуда, тақсимоти се ҳокимият қонунгузор иҷроия ва судиро муқарар намудааст. Ин принсип яке аз асосҳои муҳими давлатдории ҳуқубунёд ба ҳисоб меравад.
Ба ифтихор метавон гуфт, ки зери парчами Кониститутсия бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар роҳи сулҳу субот ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувор гузошта истодааст.
Кониститутсия танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нест он рамзи ваҳдат, рамзи давлатдорӣ ва нишонаи ифтихори миллӣ мебошад. Барои ҳамин вазифаи ҳар яки мо эҳтиром гузоштан ба он риояи меъёрҳои он ва амал кардани тибқи талаботи Кониститутсия мебошад.
Ҳамкасбони азиз
Мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи меёрҳои Конистититутсия ва қонуният нақши калидӣ дорад.
Маҳз тавасути фаъолияти шафоф одилонна ва қонунмандонаи судҳо адолати иҷтимоӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин мегардад.
Кониститиусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи мухторияти судҳо ва таъмини адолати судиро танҳо тавасути суд муқарар намудааст. Ин меъёр далели равшани он аст, ки адолати судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории ҳуқубунёд ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд.
“Суд бояд такягоҳи қонун адолат ва ҳақиқат бошад. дар ҳамин замина вазифаи сасосии ҳар як корманди соҳаи суд таъмини волоияти қонун риояи ҳуқуқҳои инсон ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Имрӯз мо номояндагони мақомоти судӣ бо ифтихор мегӯем, ки фаъолиятамонро дар асоси Кониститутсия ва қонунҳо амалӣ намуда, барои ҳивзи ҳуқуқу манфиатҳои қонуни шаҳрвандон ташкилотҳо ва давлат содиқона хизмат мекунем.
Бигузор рузи Кониститутсия моро ба эҳтироми қонун адолати ва мъсулияти шаҳрвандӣ водор созад.
Бигузор фаъолияти ҳар як судя ва корманди суд намунаи поквиҷдонӣ инсондӯстӣ ва риояи қатъии меёрҳои Кониститутсия бошад.
Бо ифтихор мегӯем.
Кониститутсия кафили адолат ва ваҳдат пешрафти Тоҷикистон аст.
Бигузор Тоҷикистони азизи мо таҳти парчами Кониститутсия ҳамеша обод ва пешрафта бошад.
Рӯзи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак.
Суди шаҳри Хоруғ 
