ДАВИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Имрӯз дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Дави Наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ сокинони шаҳр ҷавонон, донишҷӯён ва кормандони мақомоти давлатӣ фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла кормандони суди шаҳри Хоруғ, суди ВМКБ низ иштирок кардаанд. Ин дав бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва истиқболи баҳор баргузор гардид.