Баррасии роҳҳои пешгирии савдои одамон бо иштироки намояндагони мақомот ва ҷомеа
2 апрели соли 2026 дар Литсеи Президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва падару модарон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода Орзу дар мавзуи “Савдои одамон ва роҳҳои пешгирии он” баромад намуда, паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ин зуҳуроти номатлубро шарҳ дод. Мавсуф қайд намуд, ки савдои одамон ҳамчун яке аз ҷиноятҳои вазнин ба амният ва суботи ҷомеа таҳдид намуда, муборизаи дастаҷамъона ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро тақозо мекунад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва оила дар пешгирии чунин падидаҳо нақши муҳим дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
Суди шаҳри Хоруғ 
