Баромад бахшида ба рузи Истиқлолия

                      Ба дил қувват бахшад, ҳар нафас неруи Истиқлол.

                      Кашад кад сӯи фардо, қомати дилҷуйи Истиқлол.

                     Ҳазорон хирмани зар пеши Истиқлол чизе нест.

                Ҳазорон ташнаро сероб созад ҷуйи Истиқлол.

Салом ва эҳтиром муҳтарам Раис! Ҳамкасбони гиромӣ.

Аз бозе, ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро доро гашт, расо 34 сол пур шуд. 34 сол Тоҷикистон дар фазои сулҳу салоҳ бо насиму таровати Истиқлолият камари ҳимат баста, барои мустаҳкам намудани пойдевори ҷомеаи навини худро саъю талош меварзад. Ман шахсан  аз номи худам ҳар яки Шумо ҳамдиёрони арҷманд, бо ин рузи неку ва ин санаи рангин муборакбод мегӯям. Бароятон ифтихори баланд ояндаи дурахшон ва хонаи ободро таманно менамоям.

Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имруз давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, соҳиби обруву эътибор ва нуфуз мебошаду аксари кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлолият ҷашни озодиву худшиносӣ  эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии Ҷомеа ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост. Он барои мо озодӣ ва шукуфоӣ падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оғози бунёдкориҳои тоза нусратҳои ҷадид овард. Ҳар фарди ҷомеа, бояд амиқ дарк намояд,  ки ҳосили заҳмат кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан аз рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Ва хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд.

Пешвои муаззами милат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ дар бахши “Сабакқаҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият” хеле нишонрас возеҳ ва равшан ифода кардааст. Истиқлолият ин бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст.

Соҳибистиқлолӣ  барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва хирсу ҷаҳолатпарастии баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонамонсӯзро бор намудаанд, тоҷик бо ҷангу хунрезӣ шикасту парешонӣ ва дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ “мо тоҷикон шамшери  зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён мерос монданро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем” ва  ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориҳову хунрезӣ кардем. Ва хуб шуд, ки ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарии ӯ ба қувваи мурод расид.

Сарвари мо асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамалакат мӯтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.

Сокинони мамлакат шукронаи Истиқлолро карда, дар пайи ободии диёр шукуфоии  Ватан таҳкими Истиқлолияти кишвар баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ҳастанд.

Маҳз меҳнати ҳар як шаҳрванд буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон сарсабзу  хуррам ва ободу зебо хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки  ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистониён ба қадри Истиқлолият Ватан ва арзишҳои  миллӣ мерасанд ва ҳамеша  барои   ободии меҳнати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки  маҳз бо шарофату истиқлолияти  ваҳдат имкони хондан таҳсил гирифтан озодона кору фаъолият намудану зистан пайдо мешавад. Аз ин рӯ  ба қадри ин ҳама неъматҳо  бояд расид ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ новобаста ба сину сол бояд ҳиссаи  арзанзаи худро таввасути меҳнати ҳалолу пурарзишаш ба ояндаи Ватан гузорад. Пешвои муаззами миллат моро хушдор дода таъкид месозад; Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифс намудан пуштибонӣ кардан тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқадастарин давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст.

Оре Истиқлол неъмати бебеҳои зиндагист вале он муъҷизае нест, ки  баъди эълонаш мо даст рӯи даст дар кунҷи хона бинишинему бо  тамоми нозу неъмати зиндагӣ  барои  хонамон муҳаё шавад. Ҳам пойдории Истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҳалол муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад.

Ҳозирини гиромӣ бори дигар ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти Тоҷикистонро барои тамоми хурду бузурги диёр самимона табрик мегӯем ва таманои онро дорем, ки сулҳу оромӣ дар фазои Тоҷикистони озоду обод поянда бошад. Хонадони ҳар кадоматон обод, дилатон шод ва кулли тоҷикони дунё абадан соҳибтоҷу соҳибдавлат бошанд.