ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Дар суди шаҳри Хоруғ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ роҳбарият ва кормандони суд, ва сардорони даигар сохторҳои қудратӣ ширкат варзиданд. Нахуст раиси шаҳр аҳли толорро бо фарорасии ҷшни Истиқлолият табрик намуда, таъкид намуд, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, бо кӯшишу ҷонисориҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар даврони  Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ новобаста аз таъсири  буҳронҳо ва равандҳои мухталифи байнадмиллиалӣ рушди бо мароми  иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, дар тамоми соҳаҳо  ва самтҳои ҳаёти ҷомеа, тағирот ислоҳоту  навсозиҳои бесобиқа амалӣ гардидаанд.

Шукркгузор аз онем, ки сокини шарафманду заҳматқарини шаҳри  Хоруғ дар қатори кулли мардуми  Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати  хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои тақвият бахшидани  иқтидори иқтисодии кишвар ҳивзу ҳимояи  дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ таҳкими ваҳдати миллӣ итиҳоду ҳамбастагии мардум ва сулҳу суботи комили пайваста саъю талош меварзанд.

Ҳамзамон Раиси суди шаҳри Хоруғ низ бобати истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар охир кормандони фаъоли соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа бо Ифихорома ва туфаҳои рамзӣ карда шудаанд.