МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВА МАЪМУРӢ ДАР МТМУ №2 и шаҳри Хоруғ

Санаи 13 майи соли 2025 дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардид.

Маҷлиси судии мазкур аз ҷониби Раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода Орзу Зинатулло вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ бо моддаи 94 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурӣ баррасӣ гардид.

Маҷлиси сайёри судӣ дар фазои ошкорро ва шафоф доир гардида, ҳозирин ба фаъолияти суд аз наздик шинос шудаанд.