РӮЗИ МОДАРОН — АРҶГУЗОРӢ БА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ БОНУВОН
Имрӯз бахшида ба Рӯзи модарон, ки ҳамасола 8-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Раиси суди шаҳри Хоруғ бонувони дастгоҳи судро самимона табрик намуд.
Раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода О.З. кормандони дастгоҳро барои меҳнати софдилона ва саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти мақомоти судӣ, изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо сиҳатмандии комил, рӯзгори обод, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти минбаъдаи хизматӣ таманно намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба бонувон туфаҳои идона аз тарафи Раис тақдим гардида, фазои гарму самимии идона ҳукмфармо буд.
Суди шаҳри Хоруғ 