Рузи кормандони мақомоти судӣ

Санаи 23 октябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ маҳфили тантанавӣ бо ҳисси баланди ифтихор ҷашни касбии аҳли соҳаи суди кишвар, яъне Рузи судҳо 26 октябр, таҷлил намудем.

Маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, Раиси суди вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т,  Раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода  О.З. Раисони суди шаҳру ноҳияҳо, кормандон  ва собиқадорони соҳа низ иштирок намуданд. Бо ифтихор бояд гуфт, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми судӣ ва ҳокимияти қонун дар кишвар такмил ёфта, сатҳи ҳуқуқшиносӣ ва маърифати шаҳрвандӣ дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафтааст.

Суди шаҳри Хоруғи ВМКБ дар ин самт қадамҳои устувор гузошта, дар баррасии одилонаи парвандаҳо баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳивзи манфиатҳои шаҳрвандӣ саҳми арзанда мегузорад.

Муовини Раиси ВМКБ иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти вилоят бо иди касбӣ табрик намуд, инчунин Раиси суди ВМКБ ҳалли нишастро табрик намуда, ӯ зикри намуд, ки имруз мақомоти судӣ вилоят бо масъулияти баланд барои тадбиқи қонун ҳивзи ҳуқуқу озодиҳои шарвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи чомеа фаъолияти самаранок мебаранд, Судяи суди шаҳри Хоруғ Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек ҳам бамуносибати рузи судҳо табрик намуда ва инчунини дигар баъзе аз кормандони суд ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар пешбурди кори судӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.