Паёми Пешвои миллат роҳнамои рушди Тоҷикистон
Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб меравад. Он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, ҳамчун роҳнамо барои рушди устувори ҷомеа хизмат мекунад.
Дар Паём масъалаҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳивзи ваҳдати миллӣ ва таъмини амният мавқеи калидӣ доранд. Пешвои миллат қаъкид менамояд, ки танҳо дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба пешрафти воқеии давлат ноил гардид.
Яке аз самтҳои асосии Паём рушди иқтисодии миллӣ мебошад. Дар он ба саноатикунонӣ рушди энергетика, кишоварзӣ, инфросохтор ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таваҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дар Паём ба соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ аҳамияти калон дода шудааст. Пешвои миллат маъорифро омили асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, ба тарбияи насли босавод, ватандӯст ва соҳибкасб таъкид менамояд.
Ҳамчунин дастгирии ҷавонон ва занон яке аз масъалаҳои муҳим дар Паём ба шумор меравад. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ гардида, саҳми он дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бахусус обу иқлим таъкид мегардад.
Хуллоса Пёми Пешвои миллат санади роҳнамо ва дастур барои рушди устувори кишвар аст, ки самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла дохилӣ, хориҷӣ иҷтимоӣ ва иҷтисодиро барои солҳои наздик муайян мекунад.
Суди шаҳри Хоруғ 