ПАРЧАМИ НУРАФШОН
Имруз мо бо эҳсоси баланд ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба азишҳои давлатии худ гирди ҳам омадаем, то яке аз муқадастарин рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо эҳтироми хоса ҷашн гирем. Парчам дар тӯли таърих барои ҳар як миллат на танҳо як аломат балки рамзи ҳастӣ, рамзи ваҳдат, нишони соҳибдавлатӣ ва сипари маънавии миллатҳо будааст. Барои мардуми тоҷик низ ин рамз аҳамияти сиёсӣ иҷтимоӣ фарҳангӣ ва маънавии бузург дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 қабул гардид ва он яке аз аваллин рамзҳое, буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҷаҳон муарифӣ кард. Аз он рӯз иҷониб парчами миллӣ ба рамзи ваҳдати тоҷикион ба нишони пойдории давлату давлатдорӣ ва ба ояндаи равшани миллат табдил ёфт. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки Парчамро арҷ гузорад, шаъну шарафи онро нигоҳ дорад ва арзишҳои рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, итфтихор аз Ватан адолат ваҳдат ва қонуниятҳоро ҳивз намояд. Парчам барои Тоҷикистон танҳо як рамз нест. Он рамзи Истиқлолият рамзи давлатдсозӣ рамзи мустаҳкам шудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошад. Дар солҳои пас аз истиқлолият парчам ҳамчун омили мутаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим бозид мардуми мо дар атрофи ин рамз мутаҳид шудаанд давлатдориро эҳё намудаанд ва бо роҳи созандагӣ ворид гардидаанд.
Имруз парчами мо дар паҳлуи парчамҳои кишварҳои дунё дар созмонҳои байналмилиаллӣ парафшон аст. Ва ба ҷаҳониён ифтихори миллати сулҳҷӯёна ва фарҳанги волои тоҷикиро муарифӣ мекунад.
Имруз мо бо эҳсоси баланд ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба азишҳои давлатии худ гирди ҳам омадаем, то яке аз муқадастарин рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо эҳтироми хоса ҷашн гирем. Парчам дар тӯли таърих барои ҳар як миллат на танҳо як аломат балки рамзи ҳастӣ, рамзи ваҳдат, нишони соҳибдавлатӣ ва сипари маънавии миллатҳо будааст. Барои мардуми тоҷик низ ин рамз аҳамияти сиёсӣ иҷтимоӣ фарҳангӣ ва маънавии бузург дорад.
Ҳар бор, ки парчам боло бурда мешавад дар дилҳои мо еҳсоси ифтихор ва худшиносӣ бедор мегардад. Ин рамз моро ба дӯст доштани ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ба хизмат ба давлату ҷомеа ҳидоят мекунад.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак!
Суди шаҳри Хоруғ 
