Табрикот Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи 14 ноябри соли 2025 кормандони суди шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон  дар ҳузури Раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода Орзу Зинатулло маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд. Маҷлис бо ҳадафи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати таҳкими давлатдории миллӣ, суботу ваҳдат ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат доир гардид. Дар ҷараёни маҷлис суханронии Раиси суди шаҳри Хоруғ  ба  кормандони  дастгоҳи суд  бо пешниҳоду мубодилаи  афкор арҷгузорӣ  ба  дастовардҳои  кишвар  ва суханони пурмуҳтавои  таҳсини  Пешвои  миллат  ҷамъбаст гардид.   Кормандони  дастгоҳи  суди   шаҳри Хоруғ  изҳори умед намуданд, ки талошҳои пайвастаи худ дар амалӣ сохтани  сиёсати  давлатӣ ва хизматрасонири самранок ба мардум саҳми худро дар рушди кишвар хоҳанд гузошт.

Рӯзи Президенти ҷумҳурии Тоҷикисӣтон муборак бод!