МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ ОИД БА БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Санаи 19 феврали соли 2026 аз ҷониби суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  маҷлиси сайёри суди баогузор гардид. Маҷлиси сайёри суди дар ШВКД-и шаҳри Хоруғ баррасӣ гардид.

Маҷлиси судӣ таҳти Раиси суди шаҳри Хоруғ Абдуллозода О.З. прокурор, Ёдгорзода С, котиби маҷлиси судӣ Байдуллоева Р.Ш. намоядаи мақомоти корҳои дохилӣ, оид ба баррасии як қатор  парвандаҳои ҳуқувайронкунии маъмурӣ баргузор гардиданд.

Мурофияи баргузоргардидаи парвандаҳо оид ба иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак, машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва ғайриқонунӣ ба роҳ мондани  таълими динӣ, мавриди барраси қарор гирфтанд.

Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаҳо, нисбат ба ҳуқувайронкунандагон мутобиқи талаботи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои  пебининамудаи  қонун таъин карда шуданд.

Бояд зикри намуд, ки баргузории мурофияҳои сайёри судӣ дар маҳал ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандан, таъмини шафофияти фаъолияти суд ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат менмояд. Шаҳрвандон бевосита дар ҷараёни мурофиаҳо иштирок намуда, моҳият ва оқибатҳои  ҳуқуқвайронкуниҳоро аз наздик дарк менамоянд, ки ин омил дар пешгирии ҳуқувайронкуниҳои минбаъда нақши муҳим дорад.

Суди шаҳри Хоруғи ВМКБ минбаъд низ фаъолияти худро дар самти таъмини волоияти қонун, ҳивзи ҳуқуқу манфиатҳои  қонуни шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқувайронкуниҳо идома хоҳад дод.