НАВРӮЗ ҶАШНИ МИЛЛИИ ЭҲЁ ВА ПОКИЗАГӢ

 

            Санаи 18 марти соли ҷорӣ яъне соли 2026 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Наврӯз иди эҳёи табиат, тозагии рӯҳ ва оғози зиндагии нав мебошад. Ин ҷашни фархунда аз умқи таърих сарчашма гирифта, рамзи дӯстӣ, муҳаббат, ва  ваҳдат миёни инсонҳост. Бо фарорасии  Наврӯз, замин ҷомаи сабз  ба бар мекнуад, гулҳо мешукуфанд ва ҳар як дил бо умедҳои нав метапад.

Наврӯз на танҳо иди табиат,  балки иди покии дилҳост. Дар ин рӯзҳо мардум хонаҳои худро тоза мекунанд. Дилҳоро аз кинаву адоват пок месозад. Ва бо ниятҳои нек ба  истиқболи соли нав мераванд.  Ин анъанаи неку зебо моро ба меҳрубонӣ, бахшиш ва эҳтироми якдтгар раҳнамоӣ мекунад.

Ин иди фархунда моро ба арзишҳои волои инсонӣ, аз қабили адолат, инсоф ростқавлӣ ва эҳтироми якдигар ҳидоят мекунад. Хусусан барои кормандони соҳаи суд, ки посдорони адолат ва қонуният мебошанд. Наврӯз маънии боз ҳам амиқтар дорад. Зеро адолат ва поквиҷдонӣ низ имисли баҳор покӣ ва тавозунро талаб менамояд. Ин айём моро водор месозад, ки бо нияти нек ва неруи тоза ба фаъолияти худ идома медиҳем ва дар рушду суботи ҷомеа саҳми арзанда гузорем.

Дар ин рузи фархунда ба ҳаммаи шумо ҳамдиёрони азиз, пеш аз ҳама  саломатии бардавом руҳи болида, хонаободӣ ва комёбиҳои беназир дар фаъолияти касбӣ орзу менамоям, бигузор сулҳу оромӣ дар Ватани азизамон ҳамеша пойдор бошад ва адолат ҳамчун устувори ҷомеа ҳифз гардад.

Наврӯзатон фирӯз бод

Ҳар рузатон Навӯз бод!